Се ҳазору 466 сомонии саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол
(last modified Tue, 11 Aug 2020 10:11:23 GMT )
Август 11, 2020 15:11 Asia/Dushanbe
  • Се ҳазору 466 сомонии саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол

Тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 32 миллиарду 446 миллион сомонӣ (муодили се миллиарду 100 миллион доллар) расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто ,бар асоси омори ироа шуда аз сӯи ожонси давлатии омори Тоҷикистон ҷамъияти кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба 9 миллиону 300 ҳазор нафар расида, ки бар ин асос саронаи ҳар тоҷик (саҳми ҳар шаҳрванд аз тавлиди нохолиси миллӣ) ба 3 ҳазору 466 сомонӣ ( муодили 334 доллар) расидааст. 
 
Бар асоси иттилооти ин шохис соли гузашта 8 ҳазору 300 сомонӣ буд. 
 
Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта тавлиди нохолиси миллии кишвар ба 77 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид.
 
Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон имсол бояд ба 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) бирасад, ки дар сурати таҳаққуқ, дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди як милиард сомонӣ афзоиш дорад.