15 август - муаррифии номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои интихоботи президентӣ
Раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон 15 августро рӯзи муаррифии номзади ин ҳизб барои интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Рустам Латифзода гуфтааст, ки 15 август кунгураи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки яке аз масоили ин нишаст муаррифии номзади ин ҳизб барои интихоботи раёсатиҷумҳурии 11 октябр дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Вай афзуд, барномаи интихоботии Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон низ дар ин нишаст тасвиб мешавад.
Раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон гуфт, қарор буд дар ин нишаст 250 намояндаи Ҳизби кишоварзӣ аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат кунанд, ки ба далели густариши вируси корона ин теъдод ба нисф коҳиш ёфт.
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар маҷлиси қонунгузории феълии ин кишвар ҳафт намоянда дорад ва дар соли 2005 таъсис шудааст.
То ба имрӯз аҳзоби халқи демократ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ таърихи нишастҳои ҳизбӣ барои муаррифии номзади худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро эълом кардаанд.
Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли ҷории 2020 баргузор хоҳад шуд.