Эъломи барномаҳои интихоботии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон барномаҳои таблиғотии худро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.
Афзоиши нафақа, коркарди маҳсулоти истихроҷи маъдан дар дохили кишвар ва истихроҷи метро дар Душанбе аз нақшаҳои интихоботи пешвои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи pressa.tj, Абдулҳалим Ғаффоров гуфт: дар нишасти ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон номзад хоҳад шуд ва авлавияти барномаҳои вай масоили иҷтимоӣ аст.
Вай таъкид кард, мизони ҳуқуқи бознишастагон дар Тоҷикистон ночиз аст ва барои афзоиши ҳуқуқи онҳо ниёз ба афзоиши теъдоди корхонаҳои коркарди саноатӣ аст ,дар сурате, ки ҳамакнун 75 дар сад аз кони истихроҷ шудаи маодин ба сурати хом ба хориҷ содир мешавад.
Ӯ афзуд:бо сохти корхонаҳои коркарди саноатии ин захоир дар дохили Тоҷикистон метавон барои ҳазорон нафар иштиғол эҷод кард.
Абдулҳалим Ғаффоров мӯътақид аст ба далели афзоиши ҷамъияти шаҳри Душанбе барои коҳиши трофик бояд дар пойтахти Тоҷикистон метро сохта шавад.
Интихоботи Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад.