Равиши ҷадиди қочоқи маводи мухаддир ба дохили зиндон ва боздошти табааи тоҷик дар Русия
(last modified Wed, 26 Aug 2020 06:22:32 GMT )
Август 26, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • Равиши ҷадиди қочоқи маводи мухаддир ба дохили зиндон ва боздошти табааи тоҷик дар Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасд дошт бо болун маводи мухадирро ба зиндон қочоқ кунад дастгир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ , ин табааи тоҷик қасд дошт маводи мухаддири ҷосозишуда дар як болунро аз болои деворҳои баланди зиндони Бутиркаи Маскав ба дохили зиндон бифиристад, ки қабл аз ин иқдом, дар хиёбони Новослабодская дастгир шуд.

Полиси Маскав эълом кард фарди боздоштшуда ба кӯмаки яке аз ҳамдастонаш саъй дошт бо танобе болунро ба дохили маҳутаи зиндон ҳидоят кунад.

Пас аз боздошти ду муттаҳам аз дохили болун ҳудуди се грамм марехуанна ва як грамм какаин кашф ва забт шуд.

Пулиси Маскав мегӯяд, ки пас аз мурофиаи судӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тибқи омор, айни замон тақрибан 7000 тоҷик барои ҷиноятҳои гуногун дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд ва 1200 нафари дигар интизори ҷазои ниҳоӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мебошанд.

 

Қариб аз се як ҳиссаи ҷурми тоҷикони дар Русия маҳкумшуда   қочоқи маводи мухаддир аст.

Барчасп