Мухолифати раиси ҷадиди Шурои амният ва аъзои БАРҶОМ бо хостаи зидди эронии Амрико
(last modified 2020-09-02T09:13:23+00:00 )
Сентябр 02, 2020 14:13 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раиси ҷадиди Шурои амният ва аъзои БАРҶОМ бо хостаи зидди эронии Амрико

Пас аз талоши нокоми Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, Вашингтон бо тарҳи шикоятӣ алайҳи Эрон ба баҳонаи поймолсозии асосии тааҳҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, хоҳони бозгашти худкори таҳримҳои Созмони Миллал алайҳи Эрон мавсум ба механизми моша шуда ва муҳлати 30 рӯзаро барои он дар назар гирифтааст. Ин иқдоми давлати Трамп бо мухолифати Шурои амният мувоҷеҳ шудааст.

Нигер, ки дар моҳи сентябр раёсати давраии Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро бар уҳда дорад рӯзи сешанбе эълом кард, ки ин кишвар низ ҳеҷ иқдоме дар бораи иблоғияи Амрико барои фаъол кардани созу кори бозгашти таҳримҳои Шурои амният алайҳи Эрон анҷом нахоҳад дод чун дар миёни 15 узви Шурои амният дар ин бора иҷмоъе вуҷуд надорад. Индонезия низ, ки моҳи август раёсати давраии Шурои амниятро бар уҳда дошт бо иттихози мавзеъи мушобеҳ эълом кард, дар ҷойгоҳе қарор надорад, ки иқдоме дар заминаи иблоғияи Амрико анҷом диҳад, чун 13 узви ин шуро мухолифати худро бо иқдоми Амрико иброз доштанд. Мавзеъгирии сареҳи раиси давраии ҷадиди Шурои амният яъне Нигер дар воқеъ нишонгари рӯйкарди аксарияти қотеъи аъзои ин шуро монанди аъзои доимӣ ва ғайри доимӣ дар бораи хостаи ғайриқонунии Амрико аст.

Аз сӯи дигар пас аз баргузории нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена дар рӯзи сешанбе, Ҳелго Эшмид- раиси ин нишаст баёнияе мунташир кард, ки дар он ба сароҳат бо ёдоварии ин ки БАРҶОМ, унсури калидӣ аз сохтори адами ишоъаи ҷаҳонӣ аст, эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба мабоҳиси матраҳи ахир дар Шурои амният дар хусуси талош барои бозгардондани таҳримҳои миллали муттаҳид, ки қаблан лағв шудаанд, аъзои БАРҶОМ таъкиди дубора карданд, ки Амрико дар ҳаштуми майи 2018 якҷониба, таваққуфи мушорикати худ дар БАРҶОМ-ро эълом кард ва аз он пас, дар ҳеҷ як аз фаъолиятҳои муртабит бо БАРҶОМ мушорикат надоштааст. Лизо аъзо муҷаддадан таъкид карданд, ки наметавон Амрикоро як давлати узви БАРҶОМ маҳсуб кард.

Сергей Риябков- муовини вазири умури хориҷаи Русия низ изҳор дошт, ки тарафҳои БАРҶОМ ба иттифоқи овозҳо бо талоши Амрико барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон мухолифат кардаанд. Ӯ гуфт: Маҷбурем бо давлате дар Амрико муқобила кунем, ки бо ақли салим мухолифат мекунад.

Иҷмоъи назари аъзои Комиссияи муштараки БАРҶОМ яъне гурӯҳи 1+4 ба ҳамроҳи Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо дар радди иддаои ботили Амрико дар заминаи баҳрамандӣ аз мавориди матраҳ дар қатъномаи 2231-и Шурои амният аз ҷумла бозгардондани худкори таҳримҳо алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки на фақат рақибони Амрико дар арсаи байналмиллалӣ яъне Русия ва Чин бо ин иддао мухолифат доранд балки ҳатто шарикони Вашингтон дар ин сӯи Уқёнуси Атлантик яъне Иттиҳодияи Аврупо ва труъикаи аврупоии мураккаб аз Олмон, Фаронса ва Британия низ ин хостаи Амрикоро рад карда ва онро иддаое ботил мешумуранд. Камо ин ки дар баёнияи ахири Комиссияи муштараки БАРҶОМ ба баёнияи 20 августи 2020 намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо ба унвони ҳамоҳангкунандаи БАРҶОМ ишора шуда, ки ба сароҳат изҳор медорад, Амрико наметавонад фароянди бозгашти таҳримҳои миллали муттаҳид таҳти қатъномаи 2231-и Шурои амниятро оғоз намояд. Ба гуфтаи Ҳайнз Гартнер- устоди улуми сиёсии донишгоҳи Вена: Амрико бо риёкорӣ вонамуд мекунад, ки тарафи БАРҶОМ ва қатъномаи 2231-и Шурои амният аст дар ҳоле, ки ду сол пеш аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва таъкид кард, ки дар он мушорикат надорад.

Мавзеъгирии Нигер ба унвони раиси давраии ҷадиди Шурои амният ва низ баёнияи Комиссияи муштараки БАРҶОМ-ро метавон ба масобаи зарбаҳои дигаре ба корзори густурдаи зидди эронии давлати Трамп бо талош барои тамдиди таҳрими таслиҳотӣ ва низ бозгашти муҷаддади таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эрон талаққӣ кард. Ба гуфтаи Стив Бенен- стратегисти аршади интихоботии собиқи Доналд Трамп: Кори осоне нест, ки ба таври ҳамзамон Амрикоро мунзавӣ, манофеъи амниятии онро тазъиф ва дӯстон ва душманонро якҷо ба мухолифи худ табдил кард, вале Трамп ва Помпео дар ин кор муваффақ будаанд. Бад-ин тартиб равшан аст, ки Вашингтон наметавонад умеде ба ироаи қатъномаи мадди назари худ аз ҷониби раиси давраии ҷадиди Шурои амният дошта бошад. Аз сӯи дигар аврупоиҳо ба далели манофеъи худ ва низ бутлони ошкори иддаои Амрико қодир нестанд бо давлати Трамп дар ин замина ҳамроҳӣ намоянд. Дар воқеъ Амрико акнун дар иқдом алайҳи Эрон танҳотар аз ҳар замони дигаре шудааст ва ҳамонгуна, ки равандҳои ахир нишон дода, Вашингтон наметавонад умеде ба ҷомеаи байналмиллалӣ барои ҳамроҳӣ бо худ дар корзори зидди эрониаш дошта бошад.

 

Барчасп