Таъсиси 39 маркази раъйгирӣ дар хориҷи Тоҷикистон барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар
Сухангӯи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз таъсиси 39 маркази раъйгирӣ дар хориҷ, барои ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар интихоботи рӯзи 11 октябри имсоли раёсатҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, Носирҷон Салимӣ гуфтааст, ки ин марокизи раъйгирӣ дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 кишвари хориҷӣ таъсис хоҳад шуд, ки аз ҳама бештар дар Русия (5 марказ) ва Қазоқистон (2 марказ) хоҳад буд.
Вай таъкид кардааст, ки дар шароити густариши вируси корона раъйдиҳӣ дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз ин кишвар бо риояти меъёрҳои беҳдоштӣ анҷом хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Салимӣ, Қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар навъ раъйдиҳии ғайриҳузурӣ, азҷумла аз тариқи фазои маҷозӣ ва почтаро мамнуъ кардааст.
Аз ин рӯ, афроди воҷиди шароити раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол танҳо бо ҳузур дар марокизи раъйгирӣ, дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри имсол бо мушорикати номзадҳои шаш ҳизби сиёсии фаъол дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд.