Теъдоди беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон аз 9 ҳазор нафар гузашт
(last modified Sat, 12 Sep 2020 16:26:33 GMT )
Сентябр 12, 2020 21:26 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон аз 9 ҳазор нафар гузашт

Шумораи мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 37 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 14 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбеи 12 сентябр ҳамчунин шумори афроди фавтшуда бар асари корона бидуни афзоиш дар шабонарӯзи ахир ҳамон 72 нафари пешина аст .
Аз 9 ҳазору 14 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳафт  ҳазору 782 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир  109 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистони бистарӣ ва 35 бемор аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .

Барчасп