Суханронии тасвирии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид
(last modified 2020-09-22T06:40:12+00:00 )
Сентябр 22, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Суханронии тасвирии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид аз тариқи иртиботи тасвирӣ суханронӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ бо табрики ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид нақши ин ниҳодро дар ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва буҳронҳои мухталиф муҳим арзёбӣ кард.

 Вай бо ишора ба таҳаввулоти солҳои ахир дар саҳнаи байналмиллалӣ , афзоиши таҳдидҳои амниятӣ , тероризму ифротгароӣ , тағироти обу ҳавоӣ ва бемории ҳамагири КОВИД 19, иттиҳоди бештари кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид дар амри муқобила бо ин хатарҳоро хостор шуд .

 Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкориву ҳамоҳангии бештар бо Созмони Миллали Муттаҳид ба манзури ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ эълом ва аз ин ниҳод ба унвони шарики боэътимоди кишвараш ёд карда аст .

 Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тамаркузи Созмони Миллали Муттаҳид барои муқобила бо КОВИД 19 ва беҳбуди авзоъи иқтисодии бархоста аз густариши ин бемориро хостор шуда аст .

 

Барчасп