Октябр 02, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳои муназзами байни Тоҷикистону Туркия

Парвозҳои муназзами байни пойтахтҳои Тоҷикистону Туркия аз ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс , ширкатҳои « Сомонэйр »-и Тоҷикистон ва « Туркишэйр »- Туркия иҷозати парвоз барои як бор дар ҳафта дар масири Душанбе-Истанбулро дарёфт карданд.

 Ин ширкатҳо муваззаф шудаанд парвозҳоро бо риояти иҷбории ҳамаи муқаррароти беҳдоштӣ анҷом диҳанд.

 Эҳтимол дорад аввалин парвоз дар масири ёдшуда рӯзи панҷшанбе 8 октябр анҷом шавад .

 Тоҷикистони 19 март ба манзури пешгирӣ аз корона тамоми парвозҳои байналмиллалӣ аз ҷумла дар масири Истанбулро мутаваққиф кард .

 То пеш аз мамнӯъияти комили парвозҳо ҳамарӯза аз Душанбе  дар масири Истанбул парвоз анҷом мешуд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон танҳо барои парвозҳои мустақим дар масири Дубай дар Амороти Муттаҳидаи Араб муҷаввиз содир карда буданд.

 Ҳамчунин дар ин муддат аз Тоҷикистон дар масири Русия чандин парвози чартерӣ анҷом шуда аст .

 

Барчасп