Таслияти раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба муносибати даргузашти файласуфи барҷастаи тоҷик
(last modified 2020-10-03T06:16:13+00:00 )
Октябр 03, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Таслияти раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба муносибати даргузашти файласуфи барҷастаи тоҷик

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистони даргузашти Мӯсо Диноршоев, файласуф ва муҳаққиқи барҷастаи Тоҷикистонро ба раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таслият гуфт.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон даргузашти Мӯсо Диноршоевро ба профессор Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои академия ва фарҳехтагон ва хонаводаи он марҳӯм, таслият гуфт ва барои онон аз Худованд саломатӣ талаб кард.

Диноршоев дар 86 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ин пажӯҳишгари Академияи улуми Тоҷикистон, дараҷаи илмии докторои улӯми фалсафа дошт ва дорандаи ҷоизаи давлатии Абуалӣ Сино буд. Мӯсо Диноршоев, мудири Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Мӯсо Диноршоев муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷикон равона шудааст.