Октябр 20, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  • То поёни сентябри 2020 саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз содироти маҳсулоти саноатӣ 223 доллар будааст
    То поёни сентябри 2020 саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз содироти маҳсулоти саноатӣ 223 доллар будааст

Саронаи тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта ба 2 ҳазору 306 сомонӣ (муодили 223 доллар) расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи “Авесто”, бар асоси эъломи Ожонси омори Тоҷикистон, ҷамъияти кишвар дар 9 моҳи гузашта ба 9 миллиону 330 ҳазор нафар расида, ки бар ин асос саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз тавлиди маҳсулоти саноатӣ ду ҳазору 306 сомонӣ аст.

Дар ин муддат арзиши тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон беш аз 21 миллиарду 153 миллион сомонӣ (ду миллиарду 48 миллион доллар) эълом шудааст.

Алюминий, семент, нахи пахта, маъдан ва филизоти рангӣ муҳимтарин маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистон ба хориҷ, аз оғози имсол будааст.

Ба далели набуди имкони фвроварии бештари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон, ин ақлом ба шакли хому нимахом ба хориҷ содир мешавад.

Азҷумла дар Тоҷикистон ба иллати набуди корхонаҳои фароварии пахта танҳо 20 дарсад аз нахи пахтаи тавлидшуда дар кишвар, дар дохил ба маҳсул табдил ва бақия ба сурати хом ба хориҷ содир мегардад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп