Чарои маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст?
-
Таваррум дар 9 моҳи нахусти имсол дар Тоҷискитон 5,1 дарсад будааст
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иллати аслии афзоиши қиммати маводи ғизоӣ дар ин кишварро нокофӣ будани тавлиди дохилӣ ва афзоиши қиммати воридот донист.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Ашӯрбой Солеҳзода гуфтааст, “Дар ин давра аз молҳои озуқаворӣ нархи карам 42,2%, ярмаи марҷумак 41,7%, сабзӣ 40,8%, маҳсулоти макаронӣ – 22,9%, шакар - 19,6%, равғани маска – 13,9%, орди навъи якум – 13,2%, нахӯд – 12,7%, равғани пахта – 8%, биринҷ – 6,7%, гӯшти гӯсфанд – 6,5%, гӯшти гов – 5,8%, картошка – 5,7%, равғани растанӣ – 4,8% ва себ – 0,7% фоиз афзоиш ёфтааст”
Таъкиди раисиҷумҳури Тоҷикистон бар коҳиши вобастагӣ ба воридоти маводи ғизоӣ
Вай афзуд, дар ин муддат дар дохили Тоҷикистон 15 ҳазор тонн равғани растанӣ тавлид шудау ва ин дар ҳоле аст, ки ниёзи кишвар 115 ҳазор тонн аст.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин ниёзи ин кишвар ба шакар сад дарсад аз ҳисоби воридот таъмин мешавад ва то поёни моҳи сентябр 120 ҳазор тон шакар ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Солеҳзода идома дод, афзоиши нархи орад низ ба нархи содироти ин маҳсӯл дар Қазоқистон бастагӣ дорад, ки дар муқоиса бо авоили имсол наздик ба 4 дарсад гарон шудааст.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони таваррум дар 9 моҳи нахусти имсолро 5,1 дарсад эълом кард ва афзуд, ин афзоиши таваррум ношӣ аз афзоиши беш аз 6 дарсадии нархи маводи ғизоӣ ва гарон шудани 4 дарсадии лавозими хонагӣ ва хадамот будааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Афзоиши қимати маводи ғизоӣ тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон
Дархости сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои муқобила бо гаронии маводи ғизоӣ
Тоҷикистон: мондани пойи орад дар кафши гаронӣ