Ноябр 03, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Садама ба неругоҳи Норак сабаби маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон
    Садама ба неругоҳи Норак сабаби маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Ширкати давлатии Барқи Тоҷик далели маҳдудияти барқ дар баъзе манотиқи ин кишварро садама ба нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон кард, ки сабаби аз кор мондани  турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар пайи шикояти сокинони навоҳии Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Исфара, Мастчоҳ, Конибодом ва Айнӣ дар вилояти Суғд, Вахш, Ҳамадонӣ, Восеъ, Шаҳритӯс, Кӯлоб, Ҷайҳун, Фархор, Дӯстӣ, Ҷомӣ, Муъминобод ва Панҷ дар вилояти Хатлон, Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва Файзобод дар атрофи Душанбе, Нуробод, Рашт ва Лахш дар шарқи Тоҷикистон, сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ин маҳдудиятро натиҷаи аз кор афтодани турбинаи нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон кард.

 

Сокинони ин навоҳӣ эълом кардаанд, ки чанд рӯзе аст аз соати 8 субҳ то 17 интиқоли барқ ба хонаҳои онон қатъ мешавад.

Нозир Ёдгорӣ гуфтааст, ки мардум бояд шароитро дарк кунанд ва акнун мутахассисон машғули тармими ин  турбина ҳастанд ва умед аст, ки ба зудӣ вазъ ислоҳ шавад.

Коҳиши тавлид ва содироти барқ дар Тоҷикистон

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши ширкати давлатии Барқи Тоҷик тавлиди барқ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ то сентябри имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 6 дарсадӣ ба 14 миллиарду 788 миллион киловат соат расидааст.

Ҳамчунин дар ин муддат содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ низ 43. 4 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Маҳдудияти барқ дар бахшҳои хонагӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистон пас аз 20 сол, дар соли 2018 ба поён расид, аммо баҳори имсол аз сар гирифта шуд.

 

 

Барчасп