Мудири ЮТэйр: Курсиҳо пур шуд, мунтазири парвозҳои баъдӣ бошед
(last modified Wed, 11 Nov 2020 08:00:12 GMT )
Ноябр 11, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Ютайр эълом кард тамоми курсиҳои  парвози 14 ноябри Маскав-Душанбе пур шуда аст
    Ширкати Ютайр эълом кард тамоми курсиҳои парвози 14 ноябри Маскав-Душанбе пур шуда аст

Ширкати ҳавопаймоии русииЮТэйр, ки ахиран барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт карда буд, аз пур шудани курсиҳо дар нахустин парвоз ба Душанбе хабар дод .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , мудири ширкати ҳавопаймоии ЮТэйри Русия эълом карда аст, ки парвоз аз Маскав ба Душанбе дар рӯзи 14 ноябр ҳатто бо билети 45 ҳазор рублӣ дигар ҷойи холӣ надорад ва мусофирон бояд дар интизори парвозҳои баъдӣ бошанд .

Пештар эълом шуда буд, ки парвозҳои ин ширкати русӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар масири Маскав ба Душанбеву Сургут ба Хуҷанд анҷом хоҳад шуд, то шаҳрвандони  Русияу тоҷикҳои дорои шаҳрвандии Русияро дар ин масирҳо ҷобаҷо кунад .

Парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон ба ЮТэйр-и Русия вогузор шуд

 Нархи билет барои ҳар мусофир 42 то 45 ҳазор рубли Русия таъин шуда, ки байни 450 то 500 доллар аст, аммо бо вуҷуди ин нархи гарон низ теъдоди коргарони муҳоҷири хоҳони бозгашт ба Тоҷикистон ба ҳадде зиёд аст, ки дар рӯзҳои 21 ва 28 ноябр низ парвозҳои чартерӣ анҷом хоҳад шуд.

 Тамоми мусофироне, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд бояд гувоҳиномаи саломат аз назари корона дошта бошанд.

Ин гувоҳинома бояд чаҳор шабонарӯз қабл аз парвоз дарёфт шавад.

Бештар бихонед: