Корона 39 нафари дигарро дар Тоҷикистон гирифтор кард
(last modified Mon, 16 Nov 2020 17:02:50 GMT )
Ноябр 16, 2020 22:02 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 649 нафар расид
    Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 649 нафар расид

Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори нав ба 11 ҳазору 649 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи душанбеи 16 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 85 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 649 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 19 нафар беҳбуд ёфта‌анд.

Дар шабонарӯзи ахир 46 бемори коронаӣ ҳам беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: