Идомаи тағйири мақомоту мудирони давлатӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 18 Nov 2020 16:50:45 GMT )
Ноябр 18, 2020 21:50 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон 10 фармони нав барои тағироти мудириятӣ дар Тоҷикистон содир кард
    Эмомалӣ Раҳмон 10 фармони нав барои тағироти мудириятӣ дар Тоҷикистон содир кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое, шуморе аз мақомоти ин кишвар ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро барканор ва афроди дигареро ба ҷойи онон мансуб кард.

Ба гузориши сомонаи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси 10 фармони ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон, Шерхон Салимзода аз раёсати Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддир, Ҷамшед Аҳмадзода аз симати раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ, Хайриддин Абдураҳимов аз раёсати идораи ҳифзи асрори давлатӣ, Адҳам Абдуллозода аз муовинати аввали дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдори Хуҷанд барканор шудаанд.

 

 Ҳамчунин Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, додситони вилояти Суғд ба симати раёсати Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддир, Муҳаммадсайид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе ба симати раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ, Адҳам Абдуллоҳзода ба симати раёсати идораи ҳифзи асрори давлатӣ ва Фирдавс Шарифзодаи 36 сола ба симати шаҳрдори Хуҷанд мансуб шудаанд.

Дар ин фармонҳои ҷадид раисони шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд низ аз симатҳояшон барканор ва афроди дигаре ҷонишини онон шудаанд.

 

Бештар бихонед: