Ноябр 30, 2020 12:47 Asia/Dushanbe
  • Соли 2018 дастрасии корбарон ба сомонаи аслии хабаргузории Азия плюс қатъ шуд
    Соли 2018 дастрасии корбарон ба сомонаи аслии хабаргузории Азия плюс қатъ шуд

Мудирияти хабаргузории мустақили Азия плюс, ки сомонаи он аз ду сол пеш дар Тоҷикистон масдуд шудааст, аз кӯчонидани иҷбории дафтари худ дар Душанбе хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, аз кормандони ин хабаргузорӣ хоста шудааст, ки дафтари кори худро дар сохтмони муҷтамаи матбуоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хабаргузории давлатии Ховар вогузор кунанд ва ба дунболи макони дигаре бошанд.
 
 Ин дар ҳоле аст, ки дафтари маҳалли фаъолияти ин хабаргузорӣ дар 20 соли ахир бо манобеи молии Азия плюс тармим ва бозсозӣ шудаасту ҳангоми тахлияи он низ ҳеч маблағе барои ҷуброни ҳазинаҳои молӣ пардохт нахоҳад шуд.
 
Дар охирҳои моҳи ноябри соли 2018 ҳам дастрасии корбарон ба сомонаи аслии хабаргузории Азия плюс қатъ шуд ва хадамоти давлатии мухобироту иртибототи Тоҷикистони иллати ин мавзӯро фаннӣ эъломи кард.
 
Масъули ин хабаргузорӣ Умед Бобохонов гуфтааст, ки иллати аслии фишор ба ин сомона худдории Азия плюс аз интишори матолиби бидуни кайфият ва таблиғотии бархе аз идороту созмонҳои давлатии Тоҷикистон аст.
 
Мудирияти хабаргузории мустақили Азия плюс аз шикояти худ ба дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода ва таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати бенатиҷа мондани ин шикоят ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.
 

Сомонаи ин хабаргузорӣ моҳона беш аз як миллион корбар дораду дар ду соли ахири теъдоди бинандагони матолиби он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба 500 ҳазор нафар расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп