Декабр 03, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз тавлиди маҳсулоти саноатӣ ду ҳазору 306 сомонӣ аст
    Саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз тавлиди маҳсулоти саноатӣ ду ҳазору 306 сомонӣ аст

Саронаи тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта ба 2 ҳазору 660 сомонӣ (235 доллар) расидааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, бар асоси эъломи Агентии омори Тоҷикистон, ҷамъияти ин кишвар дар 10 моҳи гузашта ба 9 миллиону 448 ҳазор нафар расида, ки бар ин асос саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз тавлиди маҳсулоти саноатӣ ду ҳазору 306 сомонӣ аст.

Дар ин муддат арзиши тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон беш аз 24 миллиарду 349 миллион сомонӣ (ду миллиарду 154 миллион доллар) эълом шудааст.

  • Алюминий, семент, нахи панба, маъдану филизоти рангӣ муҳимтарин маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистон аз оғози имсол будааст, ки ба далели набуди имкони фароварии бештари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон, ин маҳсулот ба шакли хом ва нимахом ба хориҷ содир мешавад.

Азҷумла дар Тоҷикистон ба иллати набуди корхонаҳои фароварии пахта танҳо 20 дарсад аз нахи пахтаи тавлидшуда дар кишвар, дар дохил ба маҳсул табдил ва бақия ба сурати хом ба хориҷ содир мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп