Декабр 05, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Донишҷуёни тоҷик дар Русия, ки дар дарсҳо ғайбат доштаанд аз донишгоҳҳои худ ихтор дарёфт кардаанд
    Донишҷуёни тоҷик дар Русия, ки дар дарсҳо ғайбат доштаанд аз донишгоҳҳои худ ихтор дарёфт кардаанд

Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия мегуянд, ба далели густариши вируси корона ва набуди имкони ҳузур дар дарсҳо дубора таҳдид ба ихроҷ шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, теъдоде аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои улумпизишкии Русия гуфтаанд, бо вуҷуди пардохти шаҳрия аз ин марокиз дубора ихтор гирифтаанд, ки дар сурати ҳузур наёфтан дар дарсҳо ихроҷ хоҳанд шуд.

Қаблан низ шуморе аз донишҷуёни тоҷики пазириш шуда дар донишгоҳҳои Русия бо таҷаммуъ муқобили вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе, ҳамкории ин ду ниҳодро барои эъзом ба маҳали таҳсили худ хостор шуда буданд.

Афзоиши эҳтимоли ихроҷи донишҷуёни хориҷи аз донишгоҳҳои Русия

Ин донишҷуён эълом карданд, ки агар ба зудди барои таҳсил ба донишгоҳҳои худ дар Русия эъзом нашаванд, аз ин марокизи омузиши ихроҷ хоҳанд шуд.

Теъдоде аз ин донишҷуён гуфтаанд, омузиш аз тариқи фазои маҷози ба далели қатъии барқ, гарони ва суръати поини интернет дар Тоҷикистон барои онҳо имконпазир нест, аммо Игои Фролов, сафири Русия дар Душанбе гуфта буд, ки донишҷуёни тоҷики пазиришшуда дар донишгоҳҳои Русия ҳатто дар сурати ҳузур дар ин кишвар бояд омузишҳоро дар фазои маҷози пайгири кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп