Декабр 11, 2020 19:11 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти мушаххасе барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобил байни байни ду кишвар ҳамоҳанг шуданд
    Иқдомоти мушаххасе барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобил байни байни ду кишвар ҳамоҳанг шуданд

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар нишасте ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин нишаст рӯзи ҷумъа ба раёсати Назар Назарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Маҳаммадалии Фараҳнокиён, муовини вазири энержии Ҷумҳурии исломии Эрон ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Ду тараф дар ин гуфтугӯ вазъи кунунии ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст иқдомоти мушаххасе барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мутақобил байни ду кишвар ҳамоҳанг шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп