Кохи бозсозишудаи “Ваҳдат” дар Душанбе кушоиш ёфт
(last modified Fri, 11 Dec 2020 15:46:00 GMT )
Декабр 11, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Барои бозсозии ин бино 30 миллион сомонӣ харҷ шудааст
    Барои бозсозии ин бино 30 миллион сомонӣ харҷ шудааст

Кохи “Ваҳдат”, ки бинои аввалияи он дар соли 1974 мелодӣ сохта шуда ва ба тозагӣ мароҳили бозсозии он поён ёфтааст, бо ҳузури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бозкушоӣ шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфта мешавад барои бозсозии мн бино 30 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз 36 автобуси ҷадиди сохти корхонаи муштараки Туркия ва Тоҷикистон боздид карданд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе аз 69 автобуси барқӣ, ки аз ҷумҳурии Беларус харидорӣ шудааст, дидан карданд ва бо наҳваи кори онҳо ошно шуданд.

Боздиди Э.Раҳмон ва писараш аз автобусҳои нави новгони шаҳри Душанбе

Ҳамаи ин автобусҳо дар рӯзҳои наздик ба новгони нақлиётии пойтахти ин кишвар хоҳанд пайваст.

Ҳар як аз ин автобусҳо гунҷоиши 90 мусофирро дорад ва дар сурати қатъи барқ бо захоири энержии электрикии худ метавонад то 15 километри дигар ҳаракат кунад.

Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди 124 хонаи навро ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар таҳвил дод, ки ин хонаҳо аз ҳисоби буҷети Ҳукумат барои онон сохта шудааст.

 

Бештар бихонед: