Эътимоди 80 дарсадии мардуми Тоҷикистон ба бонкҳои нави ин кишвар
Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳудуди 80 дарсади мардум ба бонкҳои тозатаъсис дар ин кишвар эътимоди бештаре доранд.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар ин назарсанҷӣ, ки дар миёни беш аз 6 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон анҷом шуд, 80 дарсади афрод эълом карданд, ки ба се бонки «Алифбонк», «Эсхата» ва «Арванд» эътимод доранду дар дигар ниҳодҳои молии ин кишвар амонатгузорӣ намекунанд.
Дар ин миён «Алифбонк», ки як сол қабл ифтитоҳ шудааст, эътимоди беш аз 43 дарсади мардумро ҷалб кардааст.
«Алифбонк» нахустин муассисаи молии Тоҷикистон аст, ки бо муқаррароти бонкдории исломӣ фаъолият мекунад ва дар баробари вогузории қарзу вом ба дархосткунандагон, суд намегирад.
Ҳамчунин ду бонки дигар, яъне «Эсхата» ва «Арванд» низ ба тартиб эътимоди 35 ва 8 дарсади мардуми Тоҷикистонро ҷалб кардаанд.
Аммо ба ҳар як аз бонкҳои бузурги тиҷории ин кишвар, назири «Ориёнбонк» ва «Амонатбонк», ки сармояҳои калоне дар ихтиёр доранд, танҳо 29 нафар аз ҷамъияти назарсанҷишуда раъйи эътимод додаанд.
Ҳамчунин аз маҷмӯи афроде, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд, 224 нафар эълом кардаанд, ба ҳеч як аз бонкҳои ин кишвар эътимод надоранд.
Буҳрони низоми бонкии Тоҷикистон аз соли 2013 оғоз шуд ва ба ҷое расид, ки акнун мардуми ин кишвар миллиардҳо сомонӣ супурдаҳои молии худро наметавонанд аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Ба ҳамин далел, муҷаввизи ду бонки «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» лағв шуд ва ду бонки «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ҳам дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.
Бештар бихонед:
- Даромади коргарони муҳоҷир бештар аз сармоягузории иқтисодии бонкҳои Тоҷикистон
- Қатъи ҳамкории ду бонки аврупоӣ бо банки «Эсхата»-и Тоҷикистон
- Бонки Миллии Тоҷикистон ду бонки буҳронзадаро варшикаста эълом намекунад