Бонки кишоварзии Чин дар Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият гирифт
(last modified Wed, 20 Oct 2021 05:06:34 GMT )
Октябр 20, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Бонки кишоварзии Чин дар Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият гирифт

Бонки Миллии Тоҷикистон барои Бонки кишоварзии Чин муҷаввиз фаъолият содир кард.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон қайд шудааст, ки номи Бонки кишоварзии Чин дар феҳристи бонкҳои хориҷии муҷаввиздор дар Тоҷикистон аст.

Ифтитоҳи шуъбаи намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар Тоҷикистон ба далели афзоиши мизони сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар иқтисоди ин кишвар муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон намояндагии 15 бонки тиҷорӣ фаъолият мекунад.

Бонки исломӣ - Бонки тиҷорати Эрон ва Халиқбонки Қазоқистон аз ҷумлаи ин ниҳодҳои молӣ ҳастанд.

Соли 2010 дар радабандии ҷаҳонии бонкҳо, ки дар маҷаллаи англисии "The Banker" мунташир шуд, Бонки кишоварзии Чин рутбаи ҳафтумро дошт.