Фарзанди узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд
Фарзанди Зубайдуллоҳ Розиқ аз аъзои аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 5 сол зиндон маҳкум шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, мақомоти додгоҳи ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе бо таъйиди судури ҳукми 5 сол зиндон барои Асрориддин Розиқов фарзанди Зубайдуллоҳ Розиқов узви аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст гуфтаанд, ки ба далел маҳрамона будани парванда наметавонанд ҷузиёти онро тавзеҳ диҳанд.
Ҳамчунин модари Асрориддин гуфтааст, ки додгоҳ пушти дарҳои баста ин ҳукмро содир карда ва иҷозат надодааст, ки наздикони вай дар ҷаласаи муҳокимаи фарзандаш ҳузур ёбанд.
Гуфта мешавад, ки ба ҳамроҳи Асрориддин ду нафари дигар ҳам дар ин ҷаласаи додгоҳ муҳокима ва ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд.
Асрориддин Розиқов тобистони имсол ҳангоми рафтан ба маҳалли кораш дар бозори корвони шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсоли иттиҳоми вайро мушорикат дар фаъолияти аҳзоб ва созмонҳои мамнӯа эълом кард.
Аммо Созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар бо бе асос хондани ин иттиҳомот аз мақомоти қазоии Тоҷикистон дархост карда буд, ки Асрориддинро озод ва афроди дахил дар боздошти вайро муҷозот кунад.
Зубайдуллоҳ Розиқов, падари 76 солаи Асрориддин дар соли 2016 узви аршади Ҳизби наҳзати исломӣ ба иттиҳоми даст доштани ин ҳизб дар кудетои низомии генерал Абдуҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон ба 25 сол зиндон маҳкуми шуд.
Вай ин иттиҳомро рад мекунад.
Бештар бихонед: