Декабр 19, 2020 21:23 Asia/Dushanbe
  • Русия барои коргарони муҳоҷири тоҷик муҳимтарин мақсади сафар ба ҳисоб меояд
    Русия барои коргарони муҳоҷири тоҷик муҳимтарин мақсади сафар ба ҳисоб меояд

Масули идораи муҳоҷират дар Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз бозгашти беш аз 90 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия дар пайи густариши вируси корона бо парвозҳои чартерӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Аслишоҳ Нодиршоҳов гуфтааст, ки дар миёни ин афрод 74 ҳазору 171 нафар мард ва 16 ҳазору 62 тан зан будаанд.

Вай таъкид кардааст: "Русия барои коргарони муҳоҷири тоҷик муҳимтарин мақсади сафар ба ҳисоб меояд, аз ин рӯ ҳамасола ба ғайр аз имсол, ки бо густариши Ковид - 19 ҳамроҳ буд, 500 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия мерафтанд ва танҳо 10 дарсад аз афроди ҷӯёи кор дар Тоҷикистон кишвари Қазоқистонро интихоб мекарданд.

Акнун дар Тоҷикистон барои афроде, ки аз Русия ба далели таътилии марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ ба кишварашон бозгаштаанд, марокизи мушовирае таъсис шуда ва то ба ҳол 23 ҳазор нафар бо муроҷиат ба ин марокиз дархости ёфтани шуғл кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп