Декабр 20, 2020 12:39 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор гурӯҳи террористӣ ба марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд
    Чаҳор гурӯҳи террористӣ ба марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд

Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз истиқрори 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Топи Тҷ, Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ин ҷангҷӯён, ки аъзои чаҳор гурӯҳи террористӣ ҳастанд, ахиран аз манотиқи Ҷурм ва Вардӯч ба ноҳияи Дарвоз дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ва бо Толибон ҳамкории наздике доранд.

Вай аз гурӯҳҳои Ҷамоъоти Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии туркистони шарқӣ ва Иморати исломии Қафқоз ба унвони муттаҳидони Толибон ёд кардааст, ки дар наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон мустақар шудаанд.

Мақомоти амнияти Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоде аз атбои ин кишвар аъзои гурӯҳи Ансоруллоҳ ҳастанд ва давлати Душанбе бо тарафи Афғонистон дар заминаи расади фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳамкории наздике дорад.

Коршиносон таҷаммуъи ин ҷангҷӯён дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро барои амнияти Тоҷикистон хатарнок медонанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки вуҷӯди ин ҷангҷӯён барои амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меояд, зеро аъзои ин гурӯҳҳо бетавваҷӯҳ ба мазҳаб ва миллияти афрод, ҳатто мардуми оддиро, ки бо афкори онон мухолиф бошанд, ба тарзи ваҳшатноке ба қатл мерасонанд.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп