Коҳиши 37 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон
Маҷмӯи даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар 11 моҳу 20 рӯзи гузашта дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 ба мизони 37 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар ҳоле ки маҷмуъ даромади яксолаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар авохири соли 2019 аз Русия ба ин кишвар мунтақил шуда буд, ду миллиарду 700 миллион доллар эълом шуд, ин рақам имсол ҳудуди 717 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Далели ин коҳиш низ густариши вируси корона ва таътилии марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ, сохтмон ва хадамоти ҳамлунақл дар Русия унвон мешавад.
Қаблан низ Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 20 дарсадӣ ва коршиносони тоҷик коҳиши 40 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро барои соли 2020 пешбинӣ карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия дар 9 моҳи нахусти имсол аз интиқоли як миллиарду 200 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷир ба Тоҷикистон аз тариқи бонкҳо хабар дода буд, ки ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 наздик ба 3 баробар бештар аст.
Дар 9 моҳи нахусти соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон 434 миллион доллар мунтақил шуда буд.
Бештар бихонед: