Дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Душанбе
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Душанбе ҳимояти кишварашро аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ афзуд: Сулҳу субот дар Афғонистон ба нафъи сулҳ, субот, тараққӣ ва тавсеа дар минтақа аст ва умедворем талошҳои сулҳ дар ин замина ба натиҷае матлуб бирасад.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар хатми ҷанги дохилӣ ва даст ёфтан ба сулҳу рифоҳ дорад ва метавонад Афғонистонро дар ин замина кумак кунад.
Абдуллоҳ низ дар ин дидор бо сипосгузорӣ аз ҳимоятҳои раиси ҷумҳурӣ ва мардуми Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ ва мардуми Афғонистон, равобити миёни ду кишварро устувор бар арзишҳои деринаи таърихӣ - фарҳангӣ хонд.
Дар ин мулоқот дар мавриди талошҳои сулҳ, музокира бо Толибон, нақши кишварҳои минтақа дар таъмини сулҳ, сафарҳои минтақаӣ барои касби назари ҷамъ дар ҳимоят аз сулҳ ва нақши Тоҷикистон дар таъмини сулҳи Афғонистон ба тафсил баҳсу табодули назар сурат гирифт.
Субҳи рӯзи душанбе Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар идомаи сафарҳои минтақаии худ вориди Тоҷикистон шуд.
Бештар бихонед: