Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Тоҷикистон дар бораи об дар Созмони Милал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60109-Тасвиби_қатъномаи_пешниҳодии_Тоҷикистон_дар_бораи_об_дар_Созмони_Милал
Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21 декабр қатъномаи ҷаҳонии об барои тавсеаи пойдори соли 2018-2028-ро, ки аз сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Голландия ироа шуда буд тасвиб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 22, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ин қатънома бо раъйи 190 кишвари узви СММ қабул шудааст
    Ин қатънома бо раъйи 190 кишвари узви СММ қабул шудааст

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21 декабр қатъномаи ҷаҳонии об барои тавсеаи пойдори соли 2018-2028-ро, ки аз сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Голландия ироа шуда буд тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз хабаргузории Ховар, ин қатънома бо раъйи мувофиқ 190 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Дар чорчӯби қатъномаи об барои тавсеъаи пойдори 2018 -2028 қарор аст ҳамоиши байналмилалӣ дар соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милал баргузор шуд.

Ҳамчунин дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ нақши об дар коҳиши фақру бекорӣ, беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ, дармонӣ ва тадвини барномаи таъмини оби мавриди ниёзи кишварҳо баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси ҷаҳонии об, ки ноябри соли 2015 дар Будапешт, пойтахти ҷумҳурии Маҷористон баргузор шуд тарҳи ҷаҳонии об барои тавсеъаи пойдор дар даҳаи 2018 -2028-ро пешниҳод кард.

 

Бештар бихонед: