Кумаки 30 миллиондолларии Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 Dec 2020 17:05:44 GMT )
Декабр 22, 2020 22:05 Asia/Dushanbe
  • Таълим дар 5 мактаби сохти Русия дар Тоҷикистон ба забони русӣ хоҳад буд
    Таълим дар 5 мактаби сохти Русия дар Тоҷикистон ба забони русӣ хоҳад буд

Нахуствазири Русия аз ихтисоси маблағи 30 миллион доллар барои сохт ва таҷҳизи 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Михаил Мишустин бо эъломи ин матлаб аз Вазорати умури хориҷаи кишвараш хост, ки Ҳукумати Тоҷикистонро аз ин тасмим огоҳ созад.

Маблағи сохту таҷҳизи ин теъдод мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро Сандуқи молии рушд ва суботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъмин мекунад.

Малиси Думаи давлатии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистонро соли 2019 тасвиб кард ва маблағи 30 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳҳо ихтисос дод.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар соли 2019 тафоҳумномаи сохти 5 мактаб русизабонро дар ин кишвар тасвиб кард.

3 миллион доллар аз ин маблағ имсол ва 27 миллион доллари боқимонда дар соли 2021 таъмин хоҳад шуд.

Ҳар кадом аз ин мактабҳо зарфияти 1 ҳазору 200 донишомӯзро дорад.

  

Бештар бихонед: