Кумаки 67 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60282
Бонки Рушди Осиё барои бозсозии роҳҳои ҷануби Тоҷикистон 67 миллион доллар кумаки ройгон ихтисос ме‌диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 28, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди Осиё дар бозсозии роҳҳои ҷануби Тоҷикистон мушорикат мекунад
    Бонки Рушди Осиё дар бозсозии роҳҳои ҷануби Тоҷикистон мушорикат мекунад

Бонки Рушди Осиё барои бозсозии роҳҳои ҷануби Тоҷикистон 67 миллион доллар кумаки ройгон ихтисос ме‌диҳад.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», созшномаи ихтисоси ин кумаки молиро ахиран Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Анвар Маҳмудов, намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Душанбе имзо карданд.

Ин тарҳ 72 миллиону 930 ҳазор доллар ҳазина дорад, ки 67 миллиону 400 ҳазор доллари он кумаки ройгони Бонки Рушди Осиё ва 5 миллиону 440 ҳазор доллари он саҳми Ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд.

Аз ҳисоби ин кумаки молӣ бозсозии роҳҳои ноҳияи Данғара то Оқмазору Кангурт то ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.

 Гуфта мешавад, ки ин тарҳ аз соли 2021 оғоз ва дар соли 2024 такмил хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: