Рамзи бистумин солгарди таъсиси "Шанхай" таъйид шуд
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Рамзи бистумин солгарди Созмони Ҳамкории Шанхай тасдиқ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Эмомалӣ Раҳмон»бо ишора ба баргузории бистумини иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе афзуд: Ин рамз ба шакли адади « 20 » кашида шуда ва дар қисмати болоии он парчамҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, дар қисмати поин атлас ба унвони намоде аз фарҳанги тоҷик ва дар васати тасвир «Душанбе 2021» ба унвони маҳалли баргузории ин рӯйдод мунъакис шудааст.
Дар доираи дуввуми ин рамз навиштаҷоти "Созмони Ҳамкории Шанхай" бо забонҳои русӣ ва чинӣ ҷой дода шудааст ва дар маркази он тасвири сайёраи Замин ҷойгир аст.
20-умин нишасти СҲШ аз ҷониби Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бештар бихонед: