Декабр 30, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати полиси ноҳияи Ҳисор таҳти бозҷӯӣ аст
    Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати полиси ноҳияи Ҳисор таҳти бозҷӯӣ аст

Ҳамсару фарзандони Муҳаммадмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бо ирсоли паёми видеоӣ ба дафтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳкрии ин кишвар, мусоидати вайро барои озодии ин чеҳраи сиёсӣ хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи ТОПТҶ, онон гуфтаанд, ки ахиран бо Одинаев дар боздоштгоҳи шумораи 1 Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардаву пас аз он тасмим гирифтаанд, ки ин паёми видеоиро барои раиси ҷумҳурӣ ирсол кунанд.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карда буд, ки Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати полиси ноҳияи Ҳисор таҳти бозҷӯӣ аст.

Дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳаммадмурод Одинаев эълом шуда буд: “Вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хидмати низомӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хондаау дар пайи даргирӣ бо кормандони идораи низомии ноҳияи Ҳисор ва расидани маъмурони полис, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст”.

Гуфта мешавад, ки Одинаев ба ҷазби иҷбории фарзанди бемораш ба хидмати низомӣ эътироз карда буд ва кормандони низомии ноҳияи Ҳисор писари вайро озод кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди узрхоҳии Муҳаммадмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз кормандони идораи ҳарбии ноҳияи Ҳисор, вай акнун ба боздоштгоҳи шумораи 1 Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мунтақил шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп