Тарози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 манфӣ монд
-
Арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 4 миллиарду 557 миллиону 800 ҳазор доллар расид
Баррасии содироту воридоти Тоҷикистон дар соли 2020 тарози тиҷорати хориҷии ин кишварро ҳамчунон манфӣ нишон медиҳад.
Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2020 ба 4 миллиарду 557 миллиону 800 ҳазор доллар расид, ки як миллиарду 744 миллион доллари он ба нафъи воридот аст.
Дар соли 2020 аз Тоҷикистон ба хориҷ як миллиарду 406 миллиону 900 ҳазор доллар маҳсулот содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 афзоиши 19, 8 дарсадиро нишон медиҳад.
Аммо дар соли 2020 се миллиарду 151 миллион доллар маҳсулот вориди Тоҷикистон шудааст, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он 5, 9 дарсад коҳиш ёфтааст.
Маҳсулоти муҳими содиротии Тоҷикистон дар соли 2020 сангҳои қиматбаҳо, нимақиматӣ, семент, пахта ва меваҳои хушк будааст.
Ҳамчунин сӯхт, гандум ва таҷҳизоти санъатӣ муҳимтарин колоҳои воридотии Тоҷикистон дар як соли гузашта будааст.
Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар соли 2020 низ Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбакистон будаанд.
Бештар бихонед:
- Сабти дархости воридоту содирот ва транзити коло дар Тоҷикистон интернетӣ мешавад
- Касрии як миллиарддолларии тарози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
- Воридот ба Тоҷикистон ду баробари содирот