Эъломи иттиҳоми ифротигарӣ алайҳи Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Fri, 15 Jan 2021 16:02:48 GMT )
Январ 15, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Муҳаммадмурод Одинаев аз авбошӣ ба ифротигарӣ тағйир кардааст
    Иттиҳоми Муҳаммадмурод Одинаев аз авбошӣ ба ифротигарӣ тағйир кардааст

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз эъломи иттиҳоми ҷадиди Додситонии ноҳияи Ҳисор алайҳи муовини боздоштшудааш хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Раҳматуллоҳ Зоиров гуфтааст, ки ахиран мақомоти додситонии ноҳияи Ҳисор алайҳи Муҳаммадмурод Одинаев иттиҳомоти ифротигарӣ ва тавҷеҳи ифротигариро эълом кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан иттиҳоми Одинаев авбошӣ эълом шуда буд.

Зоиров таъкид кардааст, ки то ба ҳол талошҳояш барои мулоқот бо муовини боздоштшудааш бидуни натиҷа будааст, зеро мақомҳои додситонии ноҳияи Ҳисор муддаӣ ҳастанд, ки Муҳаммадмурод Одинаев на ба унвони муовини як ҳизби сиёсӣ, балки ҳамчун як фарди одӣ боздошт шудаву ҳаққи мулоқот бо мақомоти Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистонро надорад.

Як моҳ қабл дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Муҳамадмурод Одинаев омада буд: Вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хидмати ҳарбӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хондаву бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор даргир шуда ва бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.

Иттиҳоми ифротигарӣ метавонад ҳукми 5 то 10 соли зиндонро барои Муҳаммадмурод Одинаев дар пай дошта бошад.

 

Бештар бихонед: