Тоҷикистон сентябри имсол мизбони сарони СҲШ мешавад
(last modified Sat, 16 Jan 2021 09:48:10 GMT )
Январ 16, 2021 14:48 Asia/Dushanbe
  • Раёсати давраии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имсол бо Тоҷикистон аст
    Раёсати давраии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имсол бо Тоҷикистон аст

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) дар пойтахти Тоҷикистон 16 ва 17 сентябри имсол баргузор ме‌шавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мудири идораи умӯри кишварҳои узви ИДМ дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, раёсати давраии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ имсол бо Тоҷикистон аст ва ба ҳамин муносибат аз бистумин солгарди таъсиси ин ниҳоди ҳамгароӣ низ таҷлил хоҳад шуд.

Аҳмад Саидмуродзода афзуд, ҳукӯмати ин кишвар барномаҳое тадорук дидааст, ки мӯҷиби тақвияти бештари ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гардишгарӣ ва илмиву фарҳангии аъзо хоҳад шуд.

Вай изофа кард, баргузории ҳамоиши иқтисодӣ, нишасти баррасии зарфиятҳои гардишгарӣ ва иҷлоси намояндагони расонаҳои хабарии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аз дигар барномаҳои мавриди назар барои ин нишаст аст.

Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон узви аслӣ ва кишварҳои Эрон, Муғулистон, Афғонистон ва Беларус узви нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: