Кумаки ройгони 237 миллион долларии Бонки осиёии рушд ба Тоҷикстон
(last modified Tue, 19 Jan 2021 17:52:25 GMT )
Январ 19, 2021 22:52 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикстон
    Кумаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикстон

Бонки осиёии рушд (БОР) барои иҷрои 4 тарҳ дар соли 2021 ба Тоҷикистон 237 миллиону 85 ҳазор доллар кумаки молӣ ихтисос хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмини устувории шабакаи роҳҳо бо грант дар ҳаҷми 67,5 млн доллар ду қитъаи роҳи мавҷуда дар вилояти Хатлон - аз Данғара то Оқмазор (28,7 км) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5км) таъмиру барқарор карда мешаванд.

Ҳамчунин 15миллион доллар аз ин кумак барои мудирияти оби рудхонаи марзии Панҷ ва ислоҳи шабакаҳои обёрӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои рушди соҳаи энергетика 105 млн доллар ҷудо мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2020 Бонки осиёии рушд ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 320 млн доллар кумаки молиявӣ расонид.

Ҳамкории Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз шуд ва то ба ҳол назидк ба 2 миллиард доллар ба ин кившар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки якмиллиарду 400 миллиони он ройгон будааст.