Русия иттилооти ваксинаи коронаии худро ба Тоҷикистон ироа кард
Русия иттилооти марбӯт ба ваксинаи коронаии русии «Спутники V»-ро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, иттилооти муртабит аз тариқи каналҳои дипломатӣ ба ин кишвар мунтақил шудааст то дар коргурӯҳи вижа баррасӣ ва дар мавриди хариди он тасмимгирӣ шавад.
Ҷаъфаров афзуд, Тоҷикистон дар мавриди ваксини "Pfizer" амрикоӣ низ таҳқиқоте карда ва мунтазири дарёфт иттилооти марбӯт ба ваксинаи англисӣ аст.
Вай изофа кард, мо тамоми гузинаҳоро бо авлавиятҳои мушаххас шуда баррасӣ мекунем ва дар ниҳоят аз муассиртарин ва эмантарин ваксинаи мавриди таъйиди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ки ҳамлу нақли он аз кишвари тавлидкунанда ба Тоҷикистон осон бошад истифода хоҳем кард.
Пеш аз ин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом карда буд, ки мумкин аст, ваксинаи коронаи авосити соли 2021 вориди ин кишвар шавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ваксинаи русии зидди корона ду сол эминӣ эҷод мекунад
- Такилифи Тоҷикистон барои хариди ваксинаи русии корона мушаххас нест