Баргузории ҷашни Сада дар парки Фирдавсии шаҳри Душанбе
Ҷашни Сада дар парки Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Ховар, дар ҷашни Сада, кишоварзон аз тамоми шаҳрҳо ва манотиқи кишвар маҳсулот,асбобҳо, тухмҳо ва техникаи кишоварзӣ, хӯроквории миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд ва боғдорон ҳам анвоъи гиёҳон ва гулҳои зинатӣ, дарахтчаҳоро дар маърази диди умумӣ қарор доданд.
Дар ин ҷашн кишоварзони намуна низ бо ҳадоёе тақдир шуданд.
Сада яке аз ҷашни мавсимӣ ва ҷашнҳои мардуми тоҷик аст ва ба унвони рамзи бузургдошти Меҳр, омодасозӣ барои кишти баҳор ҷашн гирифта мешавад.
Сада намоде аз рамзи хотимаи зимистон ва омадани баҳор барои мардуми Тоҷикистон аст.
Бештар бихонед: