Рӯҳи Шаҳбол пар кашид
Шаҳбол Мирзоев, сарбози фалаҷшудаи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон пас аз 7 соли таҳаммули дарду ранҷ, дар бемористони марказии вилояти Суғд даргузашт.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки соли 2014 бар асари латукӯби яке аз ҳамқаторонаш дар Нерӯи марзбонии Тоҷикистон фалаҷ шуд ва бо вуҷуди талошҳои бисёри падару модараш барои барқарории саломатиаш муваффақ нашуд дубора роҳ биравад, пас аз чанд рӯз бистарӣ шудан дар бахши эҳёи бемористони Хуҷанд даргузашт.
Парвандаи фалаҷ шудани вай яке аз пурсарусадотарин моҷароҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон буд.
Ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар соли 2016, ки Нерӯи марзбонии Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ бобати хисорати ҷисмонӣ ва низ 4 ҳазор сомонӣ барои зиёни маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев маҳкум кард, ҳечгоҳ иҷро нашуд.
Пас аз судури ин ҳукм фармондеҳии Нерӯи марзбонии Тоҷикистон эълом кард, ки танҳо бахше аз ин маблағро метавонад бипардозад ва бақияи харҷи дармони Шаҳбол Мирзоевро бояд зориби вай Усмоналӣ Ғайратов таъмин кунад.
- Дармони комили сарбози фалаҷшудаи тоҷик 40 ҳазор доллар ниёз дорад
- Марзбонии Тоҷикистон хисорати Шаҳбол Мирзоевро пардохт намекунад
Ғайратов акнун даврони маҳкумияти 9 солаи худро дар зиндон мегузаронад.
Аз нигоҳи коршиносон, моҷарои Шаҳбол Мирзоев аз авзои нобасомони ахлоқиву иҷтимоӣ ва хушунат дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки ҳамин нобасомониҳо боиси фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мегардад.
Бештар бихонед:
- Ҷони сарбози тоҷик чӣ қадр меарзад?
- Шикояти вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев аз Нерӯи марзбонии Тоҷикистон
- Норизоятии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҳукми додгоҳи Шаҳбол Мирзоев