Гилаи Зоиров аз беэътимодии Ҳукумат ба Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон
Раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон ин ҳизбро мавриди эътимоди мардум хонд ва аз беэътимодии Ҳукумат ба ин гурӯҳи сиёсӣ интиқод кард.
Ба гузориши сомонаи “Азия Плюс”, Раҳматуллоҳ Зоиров дар мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ ба муносибати бистудувумин солгарди таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки бисёре аз мардум барои ҳалли мушкилоти хеш ба ин ҳизб муроҷиа мекунанд, ки нишон медиҳад эътимод ба ин гурӯҳи сиёсӣ вуҷуд дорад.
Вай афзуд: Бо вуҷуди фишорҳо ба ин гурӯҳи сиёсӣ, мардум масоили худро бо ин ҳизб дар миён мегузоранд, ки баёнгари наздикии дидгоҳҳои мо бо ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, ин дар ҳолест, ки сохторҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба ин ҳизб ба унвони як гурӯҳи мухолиф ва мунтақиди сиёсатҳои Ҳукумат эътимод надоранд.
Зоиров сабти ин ҳизб дар 22 сол қаблро баргирифта аз фазои нисбатан озоди фаъолиятҳои сиёсӣ дар он даврон донист ва изофа кард: Чунин шароите мадюни имзои созишномаи барқарории сулҳу оштии миллӣ миёни Ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифон барои поён додан ба ҷанги 5 солаи дохилӣ дар Тоҷикистон буд.
Вай таъкид кард: Аммо акнун фазои сиёсӣ дар кишвар тағйир кардаву муҳимтарин мушкили Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон набуд, эътимоди сохторҳои ҳукуматӣ ба ин созмони сиёсӣ аст.
Бештар бихонед:
- Ҳамлаи афроди ношинос ба раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон
- Даъвати Ҳизби сотсиал - демократ барои таҳрими интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шикояти Зоиров аз афзоиши фишор ба аъзои Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон