Октябр 18, 2016 12:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Ахиран ҳамоише бо мавзӯи "Ҷазби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки ин амр нишон медиҳад, фазои ҷазби сармоя дар ин кишвар ҳанӯз ҳам бо мушкилоти зиёде рӯбарӯст.

Ба гузориши сайти "Сaa-network.org", дар ин ҳамоиш мақомоти давлатӣ эълом карданд, ки дар Тоҷикистон заминаи ҷазби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои санъату маъдан, энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва гардишгарӣ фароҳам мебошад ва дар ин маврид шароити мусоид вуҷуд дорад.

Аммо Сафо Раҳимов, коршиноси тоҷик бо муқоисаи шароити сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бо ду кишвари кӯҳистонии минтақаи Қафқоз- Арманистону Гурҷистон, ки нафту газ надоранд, гуфт, дар ин ҷумҳурӣ ҳанӯз то расидан ба фазои матлуби ҷазби сармояи хориҷӣ фосилаи зиёде вуҷуд дорад.

Вай таъкид мекунад, ки бар асоси гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар баробар бо 15 то 20 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ аст, ки дар муқоиса бо кишваре назири Қирғизистон, ки 40 то 45 дарсад аст, ночиз арзёбӣ мешавад.

Маъмулан масъулини давлатӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ надоштан ба обҳои озод, ҳамсоягӣ бо кишвари ноамни Афғонистон ва кӯҳистонӣ будани аксари манотиқи ин кишварро далели ҷаззоб набӯдани шароит барои сармоягузорони хориҷӣ унвон мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Раҳимов, дар Арманистону Гурҷистон, ки шароити ҷуғрофиёии мушобеҳе бо Тоҷикистон доранд, метавон дар муддати 15 то 20 дақиқа аз тариқи интернет муҷаввизи сабти номи ширкатеро дарёфт кард. Ҳамчунин пас аз вуруд ба ин ду ҷумҳурии Қафқоз ниёзе барои муроҷиа ба идороти интизомӣ барои сабти иқомат вуҷуд надорад ва ин кишварҳо бо аксари мамолики ҷаҳон визаро лағв кардаанд. Аз сӯйи дигар, барои ҷилавгирӣ аз фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ин ду ҷумҳурӣ, аксари умуроти идории электронӣ анҷом мешавад. Аммо дар Тоҷикистон барои сабти ширкат ё корхона моҳҳо вақт лозим аст, ки бо паймудани мароҳили идории тулонӣ ва пардохти ришва ин амр амалӣ мешавад. Ҳамчунин мизони болои молиёт дар Тоҷикистон, ки ахиран сарусадои ширкатҳои русиву чиниро ҳам даровардааст, аз авомили фирори сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар аст.

 

Барчасп