Феврал 09, 2021 21:54 Asia/Dushanbe
  • Далер Ҷумъа дар Русия дар бораи мушкили нерӯгоҳи Сангтуда 1. ки фурӯши барқ ба харидории ҷуз Барқи тоҷик аст бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кард
    Далер Ҷумъа дар Русия дар бораи мушкили нерӯгоҳи Сангтуда 1. ки фурӯши барқ ба харидории ҷуз Барқи тоҷик аст бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кард

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ҳамтои руси ӯ дар дидоре дар Маскав мушкили фурӯши барқи нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1-ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки ба ҳамроҳи Қоҳир Расулзода нахуствазир дар Русия ҳузур дорад дар дидор бо ҳамтои руси худаш Николай Шулигин дар мавриди фурӯши барқи нерӯгоҳи Сангтуда 1 баҳс ва табодули назар карданд.

Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1 дар талош барои фурӯши барқ ба харидорӣ ҷуз ширкати қарздори Барқи тоҷик муваффақ набудааст. 

Ба далели нотавонии ширкати давлатии Барқи тоҷик дар пардохти  қарзи хеш, тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Сангтуда 1 дар соли 2020 аз 2 миллиарду 700 миллион киловатт соат ба 2 миллиарду 300 миллион киловатт соат коҳиш ёфт.

Акнун маҷмӯи қарзи ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1 ба як миллиарду 600 миллион сомонӣ ( беш аз 140 миллион доллар ) расидааст. 

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1 ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳосили кори ин нерӯгоҳ аст. 

 75 дарсаду Тоҷикистони 25 дарсад аз саҳҳоми молии нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1-ро дар ихтиёр доранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп