Русия оморҳои расмии корона дар Тоҷикистонро бовар надорад?
(last modified Wed, 10 Feb 2021 16:40:32 GMT )
Феврал 10, 2021 21:40 Asia/Dushanbe
  • Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, барои барқарории парвозҳо бо Тоҷикистон бояд авзои Ковид -19 дар ин кишвар баррасӣ шавад
    Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, барои барқарории парвозҳо бо Тоҷикистон бояд авзои Ковид -19 дар ин кишвар баррасӣ шавад

Русия эълом кард, барои омӯзиши авзои корона дар Тоҷикистон ҳайате ба Душанбе мефиристад ва пас аз он дар бораи барқарории парвозҳо тасмимгирӣ мекунад.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар Маскав, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия дар мавриди барқарории парвозҳо, вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши воридоти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд.

Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки дар Тоҷикистон як моҳ мешавад, ки ҳеҷ мавриди тозаи ибтило ба бемории Ковид -19 сабт нашуда ва парвозҳои муназзам миёни ду кишвар ҳар чӣ зудтар барқарор шавад.

Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия эълом кардааст, ки барои омӯзиши авзои бемории Ковид - 19 дар Тоҷикистон як гурӯҳи коршиносӣ аз Созмони ғизо ва дору ба Душанбе сафар хоҳад кард ва пас аз баррасии ин мавзуъ дар мавриди барқарории парвозҳои дуҷониба тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки парвозҳои муназзам миёни ду кишвар аз моҳи марти соли 2020 қатъ, вуруди коргарони муҳоҷир ғайримумкин ва муомилоти тиҷории ду кишвар коҳиш ёфтааст.

Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия тайи 11 моҳи соли 2020 ба 721 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли қабл коҳиш нишон медиҳад. Солҳои қабл аз густариши вируси корона ин шохис 1 миллиард доллар буд.

 

Бештар бихонед: