Феврал 11, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Донишкадаи Исломии Тоҷикистон то замони ба итмом расидани бинои нав донишҷӯдухтарро қабул намекунад
    Донишкадаи Исломии Тоҷикистон то замони ба итмом расидани бинои нав донишҷӯдухтарро қабул намекунад

Раиси танҳо Донишкадаи Исломии Тоҷикистон эълом кард, ки имсол дар ин маркази омӯзишӣ донишҷӯдухтарон пазириш нахоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Тоҷиддин Ҳисомиддинзода гуфтааст, ки далели пазириш нашудани донишҷӯдухтарон дар ин маркази омӯзишӣ идомаи сохтмони  бинои ҷадид аст, ки бояд соли ҷорӣ ба поён бирасад. 

Ба гуфтаи ӯ, то ба итмом расидани сохтмони бинои нави таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон қабули донишҷӯдухтарон иҷозат дода намешавад.

Дар Тоҷикистон бо наздик ба 10 миллион нафари ҷамъият ки тақрибан ҳамагӣ мусулмон ҳастанд, танҳо муассисаи омӯзишии исломии ҳамин донишкада мебошад, ки 879 донишҷӯ дорад ва таҳсил дар он низ бо пардохти шаҳрия мумкин аст. 

Аз соли 2012 фаъолияти тамомии мадориси исломӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда ва тадриси хусусӣ низ амалан ғайримумкин аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп