Феврал 17, 2021 10:47 Asia/Dushanbe
  • Айбномаи нав алайҳи фармондеҳи собиқ: Лату кӯби корманди боздоштгоҳ
    Айбномаи нав алайҳи фармондеҳи собиқ: Лату кӯби корманди боздоштгоҳ

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони пешини фронти халқии Тоҷикистон, ки ба куштани 20 нафар дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар айбдор аст, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии яке аз маъмурони ин марказро мавриди лату кӯб қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, манобеъе дар созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки акнун алайҳи вай иттиҳоми авбошӣ ва ҳамла ба маъмури давлат низ изофа шудааст ва акнун дар камераи инфиродӣ нигаҳдорӣ мешавад. 

Гуфта мешавад Каримов дар боздоштгоҳ бо дигар афрод даргир шуд ва вақте ки маъмури ин марказ хост ононро ором кунад мавриди лату кӯб қарор гирифт. 

  
Чанде қабл Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, алайҳи Хӯҷа Каримов парвандаи иттиҳоми куштани 20 нафар дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар матраҳ аст. 
  
  
  

Вай дар моҳи феврали соли 2020 ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон ва мусоидати полиси байналмилал ва Иморот аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд. 

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 2000 ба иттиҳоми ҷиноёти вазнине, аз ҷумлаи қатлу куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ( 1992 - 1997 ) алайҳи Каримиов парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд, вале вай билофосила ба Малайзия гурехт ва ду даҳа ба сурати пинҳонӣ дар кишварҳои мухталиф ба сар бурд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп