Феврал 20, 2021 21:50 Asia/Dushanbe
  • Қарзи умумии андоз дар Тоҷикистон ба 884 миллион сомонӣ расидааст
    Қарзи умумии андоз дар Тоҷикистон ба 884 миллион сомонӣ расидааст

Раиси Комитети давлатии молиёти Тоҷикистон аз афзоиши 303 миллион сомонии қарзи молиётӣ дар ин кишвар дар соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник, Нусратуллоҳ Давлатзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки густариши Ковиди 19 қарзи молиётӣ дар ин кишварро дар соли гузашта 303 миллион сомонӣ афзоиш дод. 

  
Ба гуфтаи вай дар садри феҳристи қарздорони бузурги молиётӣ дар Тоҷикистони номи ширкатҳо ва муассисоте чун ширкати давлатии мухобирот ва иртиботот бо наздик ба 76 миллион сомонӣ қарз, нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо 67 миллион сомонӣ қарз, ширкати олуминиюм бо 38 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1 бо 36 миллион сомонӣ ва фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо 31 миллион сомонӣ қарз мушоҳида мешавад.  

Ба гуфтаи Давлатзода бар ин асоси маҷмӯи қарзи молиётӣ дар Тоҷикистон акнун ба 884 миллион сомонӣ расидааст. 

Раиси Комитети давлатии молиёти Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ба ҳамин далел бахши даромади буҷети ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши пардохт 600 миллион сомонии молиёт дар соли гузашта 93 ва ҳафт даҳум дарсад иҷро шудааст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп