"Гаронии интернет мушкили ҷиддӣ барои Тоҷикистон аст"
(last modified Wed, 03 Mar 2021 06:52:11 GMT )
Март 03, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки мушкили дастрасӣ ба интернет ва нархи гарон дар ин кишвар хеле возеҳ аст
    Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки мушкили дастрасӣ ба интернет ва нархи гарон дар ин кишвар хеле возеҳ аст

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гаронии интернетро мушкили ҷиддӣ барои ин кишвар унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Ян-Питер Олтерс дар як вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ мақолае нашр кардааст, ки дастрасии маҳдуд ва гарон ба интернет дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии ин кишвар аст.

Вай менависад: «Дар Тоҷикистон, ки 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, мушкили дастрасӣ ва нархи баланди интернет ба назар намоён аст, ки ин суръати рушди иқтисод ва алоқаи кишварро бозмедорад" навиштааст ӯ. "Паҳншавии коронавирус нишон дод, ки соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли хӯрокворӣ ва амнияти иҷтимоӣ ба бӯҳрони воқеӣ дучор омадаанд.»  

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки  иҷрои барномаи рақамисозии бахшҳои саноат, хидматрасонӣ, фаъолияти бахши хусусӣ ва ба хусус дастрасии бештар ба интернети арзон дар деҳот яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар солхои наздик аст. 

Тибқи гузориши Индекси Байналмилалии Speedtest Global, дар Тоҷикистон 7,3 миллион муштарии фаъоли мобилӣ ва 3,34 миллион корбари интернет, аз ҷумла корбарони интернети мобилӣ сабти ном шудаанд.

Суръати кунди интернети телефони мобилӣ дар моҳи январ дар Тоҷикистон ин кишварро дар ин замина дар миёни 140 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 129 қарор додааст. 

Аз сӯи дигари қимати як гигобайт интернети пурсуръат дар Тоҷикистон 14 доллару 69 сент, бо суръати мутавассит 4 доллару 65 сент ва бо суръати поин 97 сент эълом шудааст, ки дар кишвари ҳамсоя Қирғизистони ин шохис як чаҳорум сент аст. 

 

Бештар бихонед: