Бинои нави Сафорати Узбакистон дар Душанбе дар наздики сафорати Амрико
(last modified Fri, 05 Mar 2021 17:08:49 GMT )
Март 05, 2021 22:08 Asia/Dushanbe
  • Бинои нави Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт аст
    Бинои нави Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт аст

Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълом кардаанд, ки бинои нави Сафорати Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2022 ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, дар наздикии сафорати Амрико дар ҳоли сохт мебошад.

Ба ин манзур, замине ба масоҳати 10 ҳазору 200 метр ҷудо шудааст.

Созшномаи ихтисоси замин барои сохти бинои нави сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Тошканд ва Узбакистон дар Душанбе моҳи августи соли 2018 ба имзо расида буд.

Қаблан қарор буд бинои нави сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе, дар канори сафоратхонаҳои Эрон, Афғонистон, Олмон ва Русия сохта шавад, ки ба далели камбуди замин макони наве дар маҳаллаи Зарафшон, дар ғарби шаҳри Душанбе ба ин манзур ихтисос дода шуд.

Сафоратхонаи нави Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд низ дар маҳаллаи Себзор, дар канори сафоратхонаҳои Чин ва Ҳинд воқеъ хоҳад шуд, ки ба ин манзур 79 хона тахриб шудааст.

 

Бештар бихонед: