Октябр 20, 2016 09:48 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Норак яке аз 5 таъсисоти муҳими ҷаҳонӣ

Ба гузориши сойти CA News, обанбори ин нерӯгоҳ бо иртифои 300 метр, баландтарин сади нерӯгоҳӣ дар ҷаҳон мебошад, ки тули он, 70 километр бо зарфияти захирасозии 10 миллиарду 500 километри мукааб об ва умқи он, 107 метр увон мешавад.

Нерӯгоҳи барқӣ обии Норак аз зарфияти тавлиди солиёна беш аз 11 миллиард киловатт/соъат барқ бархӯрдор мебошад ва муҳимтарин манбаи тавлиди барқи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Аммо ба далели хуруҷи Тоҷикистон аз шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ дар соли 2009, имкони содироти барқи нерӯгоҳи Норак ба Русия, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон аз байн рафт. Зеро Узбакистон ба далели ихтилофоти сиёсӣ, хутути интиқоли барқи Тоҷикистон аз қаламрави хеш ба Русия, Туркманистон ва Қазоқистонро қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир дар фасли тобистон, мудирияти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак ба иллат пуршудани сади 300 метрии он, набуди имкони содироти барқи изофӣ ба хориҷ, маҷбур ба раҳо кардани об мешавад, ки метавонист дар сурати содироти барқ ба иқтисоди Тоҷикистон солиёна 200 миллион доллар даромади молӣ вориз кунад.

Сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак, аз соли 1961 оғоз ва обгирии обанбори 300 метрии он, дар соли 1978 имконпазир шудааст.